Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Дабири кулли СММ

Февраль 5, 2016 10:49

Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтарро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

“Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо ҳама сохторҳои дахлдори Созмони Милал ба вижа бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии созмон барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором фаъолона ва пайгирона идома медиҳад”-таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Аз саҳми назарраси ЭСКАТО барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Дар мулоқот атрофи ҷамъбасти натиҷаҳои конфронси душанбегӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” дар солҳои 2005-2015”, иқдоми навбатии Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҷаласаи 10-уми Шӯрои Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди Осиёи Марказӣ дар Душанбе, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо навсозии шоҳроҳҳои мошингарду роҳҳои оҳан, рушди бахши кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳот, иқтисодиёт ва савдо, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои фаровони обии Тоҷикистон, аз қабили CASA-1000-ро барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ амри муҳим шумориданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

 

Февраль 5, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд