Амини Шариф: Наврӯз дар аввал ифтихори миллати Тоҷикистон ва сипас аз тоҷикони он сӯи марз ҳам ҳаст

Март 21, 2016 11:24

Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар саҳни маҷмааи давлатии Кохи Борбад намоиши бузурги либосҳои миллӣ, бозёфтҳои таърихӣ ва маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили кандакорӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ, мусаввараҳои зебои табиати нотакрори Тоҷикистон, нақшу нигор, сурудҳои миллӣ, ки хоси  ҷашни Наврӯзанд, ба таври васеъ пешниҳоди меҳмонону сокинон гардонида шуд.
Дар ин рӯз хурду бузург бо чеҳраи болида ва илҳоми тоза аз намоишгоҳ дидан карда, аз анъанаву суннатҳои қадимаи мардуми фарҳандӯсту тамаддунофари тоҷик бохабар гардиданд.
Инчунин барои иштирокдорони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва огоҳӣ пайдо кардан бо расму ойин ва анъанаҳои халқи тоҷик хӯрокҳои миллӣ, либос, адрасу атлас, ҳафтсину ҳафтшин ва дигар таомҳои хос ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ намоиш дода шуданд.
Меҳмонон аз хориҷи кишвар аз намоишгоҳ дидан карда, бори дигар бо таъриху тамаддун ва фарҳанги асили мардуми  куҳанбунёди тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Ҳар яке аз меҳмонон таассуроти худро оид ба ҷашнгирии Наврӯз дар Тоҷикистон бо хушнудӣ чунин баён карданд.
Амини Шариф, ки бори аввал аз кишвари Эрон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мегӯяд: «Бароям хеле ҷолиб аст. Ҷашни азим ва хеле зебост. Фикр мекунам, ки агар ҳамин ҷо ин чашн баргузор шавад, барои онҳое, ки иди Наврӯзро қабул доранд, хеле беҳтар ва олӣ мебуд.  Мардум барои дидани Наврӯз либосҳои нав мепӯшанд, худро тамиз мекунанд ва бо рӯҳи болида ин ҷашни бузургро истиқбол мекунанд. «Аслан наметавонам бо ҳеҷ як вожае эҳсоси хурсандии худро баён кунам. Ман шахсан ифтихор мекунам бо Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  бо роҳбарии хирадмандонааш ба фарҳанг ва ба  адабиёт ва аз ҳама муҳимтар, ба ҳамбастагии форсизабонон, бавижа адибони форсизабон аз гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Баргузор гардидани Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар аввал  ифтихори миллати шарифи Тоҷикистон ва пас аз ӯ барои мо тоҷикони он сӯи марз ҳам ифтихори бузург аст»,-иброз намуд Амини Шариф.
«Ман Ҳурмати Разавӣ ҳастам. Соли нав-Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон шодбош мегӯям. Соли нав ба шумо муборак. Соли пурбаракат ва тандурустиро барои тоҷикони дунё орзу мекунам. Беҳтарин Наврӯзро ман имсол доштам, чунки кишвари шумо ҷашни воқеии Наврӯзро ҷашн мегирад. Ман ифтихор мекунам, ки дар канори шумо ҳастам. Ҷашн хеле олӣ ва комил буд. Ман чунин таҷлили Наврӯзро дар ягон рӯи олам надидам. Мураттаб, хеле зебо буд, шод буд ва беҳтарин Наврӯз буд.
Намоишгоҳ бори дигар собит сохт, ки мардуми тоҷик ҷашни Наврӯзро дар сатҳи баланд бо риояи суннат ва расму ойинҳои қадимӣ таҷлил менамоянд.  Чеҳраҳои болидаи сокинон ва рақсу бозии шаҳрвандон ин ҷашни аҷдодиро боз ҳам гуворо намуд.
Меҳмонону сокинон имконият пайдо карданд, ки аз таъриху тамаддун ва анъанаҳои халқи тоҷик таассуроти нек бардоранд.

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Март 21, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад