Эмомалӣ Раҳмон: “бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ифротгароӣ ҷоннок намоед”

Март 26, 2016 20:08

Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — “Бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди зуҳуроти пурхатари ифротгароию терроризм ҷоннок намоед”, — таъкид дошт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд.

Дар ҷараёни машварат, ки бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифт, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ва хусусан вазъи ҷиноятӣ ва гаравиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр кард, ки солҳои охир дар вилояти Суғд садҳо иншооту корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, ҳазорҳо гектар боғу токзори нав бунёд шуд, инчунин шаҳру ноҳияҳо тадриҷан ободу зебо мешаванд. Дар ду моҳи соли ҷорӣ 11 корхонаи нави саноатӣ бо шумораи 1200 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст, ки ин боиси беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Сарвари давлат изҳор дошт, ки тибқи натиҷаҳои ҷамъбасти ду моҳи соли равон нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет беш аз 218 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар соҳаи кишоварзии вилоят ба маблағи 240 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 8 фоиз зиёд мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ инчунин диққати хозиринро ба афзоиши амалҳои коррупсионӣ дар сохторҳои гуногун ва ворид шудани зиёни иқтисодӣ ба буҷа ҷалб карда, супориш дод, ки дастаҷамъона бар зидди ин мушкилот мубориза баранд.

Ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии соҳаи андоз дастур дода шуд, ки ба фаъолияти озоди соҳибкорон монеаҳо эҷод накарда, танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба амнияти давлату миллат андешаронӣ карда, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори нигаронӣ кард. Президенти мамлакат бо қотеъият аз фаъолони вилоят ва аҳли ҷомеа даъват намуд, ки “бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди ин зуҳуроти пурхатар ҷоннок намоянд”.

Президенти мамлакат дастур дод, ки кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амният дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дигар хатарҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Оид ба вазъи ҷинояткорӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар амалҳои номатлуб ҳамчунин ахбори раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф шунида шуд. Аз ҷумла, аз фирефта шудани ҷавонон ва гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки фаъолияти кормандони соҳаи маориф, ходимони дин, сархатибону имомхатибони масҷидҳо ва фаъолони ҷомеа дар самти пешгирӣ аз дода шудани ҷавонони ноогоҳ ба тарғиботи дурӯғини таблиғгарони ғояҳои ифротию террористӣ нокифоя аст.  Дар ин робита ҳамчунин изҳор гардид, ки фаъолияти радио ва телевизионҳои хусусии вилояти Суғд ба татбиқи чунин ҳадафҳо комилан мусоидат намекунад.

Супориш дода шуд, ки дар назди Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ маркази бозомӯзии ходимони дин таъсис дода шавад.

Дар кори машварат инчунин ҳисоботи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ оид ба иҷрои супоришҳои ҳукумати мамлакат дар самти рушди бахшҳои хоҷагии халқ шунида шуд.

Дар машварати корӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки сокинони вилоят анъанаҳои неки бунёдкориву созандагиро идома дода, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд ва ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ — 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ иқдому ташаббусҳои тозаро амалӣ менамоянд.

Март 26, 2016 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд