Баргузории Форуми XI ифодагари обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аст

Апрель 28, 2016 17:19

Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Тавре иттилоъ дода будем, имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ кард. Дар ҳашт ҷаласаи ҳамоиши Душанбе, ки тайи ду рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешаванд, масъалаҳои муҳиме, назири нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар мубориза бо таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизми динӣ, дурнамои рушди ҳамкории иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои созмон, масъалаҳои истифодаи оқилонаи обу энергетика дар минтақа, рушди ҳамкорӣ дар бахши нақлиёту коммуникатсия, ояндаи ҳамкории илмию омӯзишӣ дар доираи Форуми ҷавонони СҲШ, дурнамои тавсеаи СҲШ ва ҳамкории самараноки он бо созмонҳои дигари минтақавӣ мавриди таҳлилу баррасии мутахассисон қарор мегиранд.
Дар ҷаласа коршиносони кишварҳои узви СҲШ омилҳои асосии рушди ифротгароӣ ва терроризм, сатҳ ва миқёси воқеии хатарҳои пешомада дар ин замина, роҳҳои муассири мубориза бо он, нақши Маркази зиддитеррористии СҲШ дар ин самтро омӯхта, дар мавриди нақши ин ниҳод дар ҳалли буҳрони Афғонистон ва зарурати фаъолсозии гурӯҳи муштараки «СҲШ-Афғонистон» табодули назар менамоянд. Иштирокдорони ҳамоиш дар бахши иқтисодию коммуникатсионӣ самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ, манофеи иқтисодии кишварҳо аз узвият дар созмон, таъсири фаъолияти ниҳоди мазкур ба татбиқи лоиҳаи минтақавии «Долони иқтисодии Роҳи Абрешим», дурнамои ҳамкорӣ миёни сохторҳои тиҷории СҲШ, пайвастагии рушди иқтисодӣ бо рушди зербиноҳои иртиботӣ ва дигар масъалаҳои умдаи ин соҳаро омӯхта, хулосаву пешниҳодҳои амалӣ таҳия менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ба узвияти худ дар ин созмон аҳамияти махсусан муҳим қоил буда, дар тамоми давраи мавҷудияти он ҳамчун яке аз аъзои фаъол шинохта шудааст. Баргузории нишасти сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе дар соли 2014 ва инак, баргузории Форуми ёздаҳуми ин созмон дар пойтахти кишварамон нишони обрӯи афзояндаи Тоҷикистон на танҳо дар доираи созмон, балки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.
СҲШ имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун яке аз муассиртарин созмонҳои байналмилалӣ шинохта шуда, дар он Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон узвият доранд. Ҳоло як қатор кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, Покистон, Беларус, Туркия, Афғонистон, Эрон, Арманистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Камбоҷа, Шри-Ланка, Непал ба унвони кишварҳои нозир ва ё шарикони муколама дар кори он ширкат менамоянд. Мувофиқи қарори сарони давлатҳои узви СҲШ, аз соли 2015, дар назар аст, ки ояндаи наздик барои узвияти Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Чунин таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ ифодагари аҳамияти бузург ва обрӯи афзояндаи СҲШ буда, баргузории форуми ин созмон дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоли мо қадами дигаре барои тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Қарору пешниҳодҳое, ки дар форуми Душанбе таҳия ва қабул мешаванд, барои марҳалаи нави рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти ҷиддии назариявӣ ва амалӣ хоҳанд дошт.
Ҷаласаи XI Форуми Созмони ҳамкории Шанхай пагоҳ  низ ба кори худ идома медиҳад.

Апрель 28, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад