Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи ММ ва МН МО ҶТ баргузор мегардад

Апрель 29, 2016 17:07

Душанбе, 29.04.2016/АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 5 майи соли равон  дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва худи ҳамон рӯз ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин росто аъзои Маҷлиси миллӣ имкон доранд,   рӯзҳои  3 ва 4 майи соли равон  аз соати 8:00 то соати 17:00  ва 5 май аз соати 7:00 то 8:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ошёнаи сеюм, утоқи  кории  шуъбаи  ташкилӣ ва дар бинои  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум аз қайд гузаранд.

Телефонҳо барои  тамос 221-98-35 ва 221-89-35

Апрель 29, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад