Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Панҷакент муаррифгари тоҷикон дар Маскав
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маскав дар Намоишгоҳи «Манеж» фестивали чоррӯза таҳти унвони «Интермузей» доир гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 300 осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносии Федератсияи Русия ва давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд. Дар фестивал Тоҷикистонро Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд муаррифӣ намуд.
«Аз халқи рус ва ҳукуматдорони он минатдорем, ки моро ба Фестивали мазкур даъват намуданд ва бисёр хушнудем аз он, ки барои намоиши осори фарҳангии кишварамон имконият пайдо намудем»-, зикр намуд Фотима Рофиева, директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент.
Кормандони Осорхонаи мазкур дар Фестивал расмҳои бозёфтҳо аз ёдгории қадимаи Саразм ва дигар осори фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла лаълиҳои бо даст наққошишуда, ангораҳои миллӣ, сарпӯш ва либосҳои қадимаи тоҷикиро манзури иштирокдорон гардониданд.
Ҳамчунин иштирокдорони чорабинӣ аз тариқи наворҳои видеоӣ баромади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намоиши либосҳои миллӣ, маросими тӯйи хонадоршавӣ ва дигар расму оини тоҷиконро тамошо карданд.
Фотима Рофиева ҳамчунин зикр намуд, ки фақат дар як соати аввали баргузории Фестивал зиёда аз 300 нафар тамошобинон ба намоишгоҳи тоҷикистониён мароқ зоҳир намуда, бо шавқи том маҳсули дастии ҳунармандони тоҷикро харид карда, ба сифати он баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин ба Намоишгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ намояндагони ширкатҳои туристии шаҳри Маскав таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати ташкили гурӯҳҳои туристӣ барои сайёҳат ба Тоҷикистон тасмим гирифтаанд.
Тавре ки дар сомонаи интернетии «Руссия барои ҳама» иттилоъ дода шудааст, иштирокдорони Фестивал тавассути расм ва наворҳои видеоӣ бо табиати зебову нотакрор ва аз тариқи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ бо назокату маҳорати ҳунармандии мардуми тоҷик шинос шуда, афсӯс хӯрдаанд, ки дар ин бора тасаввуроти кам доштаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






