Дар Душанбе нахустин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ- «Навсоз» баргузор мегардад

Июнь 10, 2016 10:24

Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 20 сентябри соли равон бори нахуст дар ҷумҳурӣ дар кинотеатри «Зебунисо»-и шаҳри Душанбе кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ таҳти унвони «Навсоз» баргузор мегардад. Кинофестивали мазкур барои ҷавонон пешбинӣ шуда, синни иштирокдорони он набояд аз 35 боло бошад (ба истиснои нақшофарон дар филм) ва давомнокии филм то 30 дақиқа муқаррар гардидааст.
Тавре ки дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Муҳибназар Холназаров, роҳбари лоиҳа зикр намуд, қабули дархостҳо барои иштирок дар кинофестивали мазкур аз 1 июн оғоз гардида, то 1 августи соли равон идома ёфта, иштирокдорон  метавонанд филмҳои мустанад, бадеӣ ва тасвириро, ки давомнокиашон аз 30 дақиқа зиёд нест,   ба мо пешниҳод намоянд. Ғолибон аз рӯи 14 номгӯи кинофестивал, аз ҷумла «Барои беҳтарин нақши мардона», «Барои беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин коргардон»  ва ғайраҳо  мукофотонида мешаванд.
-Ҳамагон медонанд, ки синамо яке аз воситаҳои асосӣ ва пурқудрати тарғиботӣ маҳсуб мешавад ва синамои тоҷик ҳоло дар ҳолати рушд қарор дошта,  таваҷҷуҳи бештари масъулинро ба ин соҳа тақозо дорад. Мақсад аз роҳандозии ин лоиҳа низ рӯ овардан ба навгонӣ дар соҳаи филмсозии ҷумҳурӣ мебошад.
Мо, як гурӯҳ ҷавононе, ки дар ин самт фаъолият дорем, тӯли 6 моҳ ин лоиҳаро таҳия намуда, барои амалишавии он тайёрӣ дида истодаем, — иброз дошт М.Холназаров дар идомаи суҳбат.
М. Холназаров ҳамчунин иттилоъ дод, ки  дар оянда  амалишавии ин лоиҳа дар назар дошта шуда, баргузории кинофестивали байналмилалӣ   дар вилоятҳои ҷумҳурӣ ҳам ба нақша гирифта шудааст.

Июнь 10, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!
Гармии баланди ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ модули «Декларатсияи мусофирон» фаъол карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво аз 32 то 42 дараҷа гарм мешавад