Дар Вазорати нақлиёт мавзӯоти вобаста ба боркашониву мусофирбарӣ миёни Тоҷикистону Латвия баррасӣ гардиданд
Душанбе, 10.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 7- 8 июни соли равон машварати кории ҳайати кормандони соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Қурбон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти рӯйизаминӣ ва директори бахши Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Латвия Таливалдис Вентиранс баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машварат масоили табодули иттилоот аз иҷрои вазифаҳои ҷаласаи пешинаи дар соли 2015 баргузоршуда баррасӣ гардид. Ҷонибҳо аз ҳамкории пурсамар дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки дар доираи қарордоди байниҳукуматӣ дар оянда низ ин гуна алоқаю ҳамкориро таҳким хоҳанд бахшид. Аз ҷониби нақлиётчиёни ватанӣ зикр карда шуд, ки айни ҳол масъалаи ташкили логистикаи электронӣ мавқеи имтиёзноки нақлиётӣ эътироф шуда, ин амал дар алоқаи оянда хидмати босазо анҷом хоҳад дод. Масъалаи дарёфти раводид барои кормандони соҳаи нақлиёт низ содаву осонтар гардонда мешавад.
Намояндагони ҷониби Латвия изҳори таассуф карданд, ки ҳамлу нақли байниҳамдигарии ду кишвар тамоюли коҳишёбӣ дошта, соли оянда бояд афзоиши он таъмин гардад. Ҳалли мавзӯоти дигари вобаста ба боркашониву мусофирбарӣ низ мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи машваратӣ санади ҳамкорӣ аз ҳар ду ҷониб ба имзо расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд






