Даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов

Июнь 8, 2016 17:30

Душанбе, 8.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 8-уми июн, баъд аз бемории тӯлонӣ дар хонааш дар шаҳри Душанбе дар сини 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» наздикони Қ. Маҳкамов хабар дода, афзуданд, ки, тибқи васияташ, ӯро пагоҳ, 9-уми июн дар қабристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок хоҳанд супорид.

Қаҳҳор Маҳкамов, 16-уми апрели соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Солҳои 1982-1986 раиси Шӯрои вазирон ва солҳои 1986-1991 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон буд.  Соли 1990 аз ҷониби Шӯрои олӣ ҳамчун нахустин президенти Тоҷикистон интихоб гардид, вале баъд  аз чанд моҳ ба  истеъфо рафт.   Тибқи қонунгузории Тоҷикистон,  ӯ ҳамчун собиқ президент узви доимии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

АМИТ «Ховар» ба пайвандон ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

 

 

 

Июнь 8, 2016 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад