Иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

Июнь 27, 2016 20:07

Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳии рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантанаҳои бошукӯҳи идона таҷлил карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди 19-уми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.

Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки “Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.”

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.

Аз ин рӯ, ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.”

Сарвари давлат ҳамчунин аз иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъат бахшидани бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “Танҳо дар се соли охир барои рушди вилоят беш аз як миллиарду ҳафтсад миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Солҳои наздик дар вилоят татбиқи даҳҳо лоиҳаи давлатии сармоягузории нав ба маблағи умумии садҳо миллион сомонӣ барои таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯ­гоҳҳо ва таҷдиди шабакаҳои обрасонӣ ба нақша ги­рифта шудааст, ки бешубҳа, боиси боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳад шуд.”

Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунондашудаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинӣ аҳли зиё, намояндагони фаъоли шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин меҳмонон аз 17 давлати дунё иштирок намуданд.

Барномаи театрикунондашудаи аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ, ки аз нигоҳи сатҳ ва муҳтаво беҳтарин дониста шуд, ба кулли иштирокдорон писанд омад.

Июнь 27, 2016 20:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд