Месси дастаи мунтахаби Аргентинаро тарк мекунад

Июнь 29, 2016 10:45

Душанбе,29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бохти дастаи мунтахаби Аргентина дар вохӯрии ниҳоии «Ҷоми Амрико-2016» аз тими мунтахаби Чилӣ бо натиҷаи 2:4 ҳамлагари номдори ҷаҳон Лионел Мессии 29-соларо водор кардааст, ки бо ихтиёри як баёния ширкати худро минбаъд дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина ба поён расонад.
Соли дуввум аст, ки футболбозони аргентинагӣ пай дар пай дар бозии ниҳоӣ аз чилигиҳо ба шикаст рӯ ба рӯ мешаванд. Соли гузашта баъди натиҷаи мусовӣ дар вақти асосӣ ва имсол низ силсилаи зарбаҳои 11 метраи баъдибозӣ ғолиби Ҷоми Амрикоро муайян кард ва Месси натавонист аз ҷаримаи ёздаҳметра тӯбро ба ҳадаф расонад. Баъди ин Месси аз поёни иштироки минбаъдааш дар ҳайати тими миллии Аргентина хабар дод ва гуфт: «барои ман дар мунтахаби Аргентина ҳама чиз тамом шудааст. Ин тасмими ман аст».
Лионел Месси ба шумори гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон, ки қиматаш ба  220 миллион евро мерасад, аз ҷониби хабарнигорони варзишии 54 кишвари аврупоӣ соли гузашта ҳамчун  футболбози беҳтарини Аврупо интихоб шуд ва ӯ ҳамоно дар дастаи «Барселона»-и Испания бозӣ карда,  панҷ маротиба соҳиби тӯби тиллоӣ гардидааст.

Июнь 29, 2016 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт