Боздиди Президенти кишвар аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Июль 27, 2016 11:21

Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Қисми низомии 2133 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Аснои боздид дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, нахуст бо низоми фаъолият дар ин отряди муҳими сарҳадӣ, ки дорои тамоми ҷузъу томҳои муосири марзбонӣ ва дидбонгоҳҳои навбудёду замонавӣ мебошад шиносоӣ пайдо намуд.

Дар Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ба роҳбари давлат- Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардида, дар он аз руи марҳилаҳои ташаккул то ба мукаммалгардонии сипари боэътимоди миллӣ, ки имрӯз номи Қушунҳои сарҳадиро соҳиб аст намоиш дода шуд.

Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки имрӯз ҳифозат ва таъмини амниятро дар масофаи 106.3 километр хати марзӣ бардӯш дорад, бо тамоми имконоти муосири назоратӣ ва техникаву лавозимоти ҷангӣ муҷаҳҳаз буда, барои ҳайати шахсӣ, афсарони сарбозони моҳири ин ниҳод дар ҳудуди Қисми низомии 2133 шароити зарурии зист муҳайё карда шудааст.

Дар рафти боздид аз Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» Сарвари давлат бевосита бо шароиту сифати будубоши афсарон ва фаъолияти хобгоҳу утоқҳои корӣ шиносоӣ пайда намуда, бо изҳори хушнудӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар муҳайё намудани шароити хизматӣ тавсеаҳои муфид дод.

Баъди сӯҳбати самимӣ бо афсарону сарбозони моҳири Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҳузури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадӣ ва отряди таъиноти махсуси милитсияи кишвар гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадиро ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар ин рӯз дар майдони ҳавоии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» ҳамзамон техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи туб ва дигар лавозимоти ҷангии муосир дар маҷмуъ 20 номгуӣ техникаи ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.

Имрӯз масъулияти асосии пурзур намудани назорат дар минтақаҳои масъулиятноки кишвар бар дӯши сарҳадбонони тоҷик вогузор буда, тамоми минтақаи сарҳадӣ бо дидбонгоҳ ва постгоҳҳои муосиру муҷаҳҳаз таъмин аст, ки низоми фаъолияти онҳо ба стандарҳои байналмиллалӣ мутобиқ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки масъулияти ҳифзи марзи кишвар дар минтақаи Ҳамадонӣ соли 2005-ум пурра бар уҳдаи сарҳадбонони Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» вогузор гардида, он то ба имрӯз чун сипари боэътимод ва пуриқтидори давлату миллат фаъолият дорад.

Июль 27, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд