Дар лагери маърифативу солимгардонии шаҳри Хуҷанд 200 нафар ҷавонони фаъол ба фароғат фаро гирифта шуданд

Август 26, 2016 09:09

Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14-ум то 25-уми августи соли равон 200 нафар ҷавонони фаъоли вилояти Суғд бо дастгирии раиси вилоят дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ба  истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд.
Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Ҷавонписарону ҷавондухтарони фаъол аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд беш аз даҳ рӯзи худро дар ин истироҳатгоҳ хушу хотирмон сипарӣ намуданд.
Дар  маросими пӯшидадашвии лагери маърифативу солимгардонӣ сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо ба ҷавонони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Муддати истироҳат дар лагери мазкур бо пешниҳоди маҳфили ҷолиби фарҳангӣ ба анҷом расид.

Август 26, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд