Дар ноҳияи Б. Ғафуров 60 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба боғча фаро гирифта мешаванд

Август 27, 2016 09:09

Душанбе, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди кӯдакистони рақами 10-и ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои иловагӣ оғоз гардида, он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 3 гурӯҳи кӯдакони имконияташон маҳдуд дар назар дошта шудааст.

Бинои иловагии боғчаи бачагона тибқи лоиҳа барои то 60 нафар кӯдакон пешбинӣ шуда, аз синфхонаҳои омӯзишӣ, толори машғулиятҳою баргузории чорабиниҳо ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад. Бино бо харҷи зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, ҳоло 65 фоизи корҳои сохтмонӣ аз тарафи сохтмончиёни маҳаллӣ анҷом дода шудаанд.

Дар айни замон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом ёфта, корҳои пардоздиҳӣ, рангу бор ва муҷаҳҳазнамоӣ ҷараён доранд.

Август 27, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад