Ислом ба зоти худ надорад айбе…

Август 31, 2016 09:57

Душанбе, 31.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Ҷои шубҳае нест, ки имрӯз вазъи иҷтимоии аксари мусулмонон  дар иддае аз кишварҳои исломӣ вазнин, даҳшатнок ва хеле андўҳовар мебошад. Қафомонии иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии онҳо агар як мушкил бошад, пас ҳамдигаркушии рӯзафзунашон мушкили дигаре ба бор овар­да­аст. Чун анъана вақте сабаби мушкилоти фавқуззикрро ҷустуҷӯ мена­моем, одатан айбро на дар ош, балки дар мош меҷӯем, яъне чашми рост­би­ну ақли ҳақҷўи мо гӯё тира мешавад.

Вақте мақолаи Мирзо Ҳоҷизода «Висоли ҳақ» ва «сиғазода» — 2»-ро дар рӯзномаи «ИмрӯзНюс», аз таърихи 10.08.2016 хондам, ба андеша фурӯ рафтам ва чун одат сабаби мушкилоти иҷтимоии имрӯзаи олами исломро ҳадафи тааммулу тааққул қарор додам. Баъд аз андешаҳои зиёди тӯлонӣ ақли ин ҷониб танҳо ба як нуқта ишора менамуд, ки агарчанде ангезандагони оташ дар кишварҳои исломӣ иддае аз душмано­ни хориҷии ислом бошанд ҳам, вале омодакунандагони сӯзишворӣ барои ин алангаи оташ дар он тарафи уқёнус, шахсе бо номи Аллаёрӣ ва дар ин тарафи уқёнус Муҳаммади Ансорӣ ва ҳаммаслакони эшон ба ҳисоб мераванд. Маҳз фаъолияти фитнаангезии онҳост, ки имрӯз мусулмонон яке дигареро душман ҳисобида, ба қатли ҳамдигар даст мезананд. Маҳз фаъолияти «динтаблиғнамоӣ»-и эшон аст, ки иддае аз кишварҳои орому осуда ва хеле пешрафтаи исломӣ имрӯз оғуштаи хун гардидаанд. Маҳз натиҷаи «исломдӯстӣ»-и эшон аст, ки имрӯз қисме аз мусулмонон аз ноилоҷӣ роҳи ҳиҷратро пеш гирифта, дар уқёнусҳо ғарқ шуда, туъмаи наҳангон гардида истодаанд. Маҳз маҳсули фаъолияти таълимоти «башардӯстонаи  исломӣ»-и эшон аст, ки қисме аз муҳоҷирон аз ночорӣ ба хотири дарёфти роҳкиро ба сӯи Аврупо узвҳои бадани наздикони худро ба сифати донор ба аврупоиён фурӯхта истодаанд. Онон дар бораи зарурати сатри зани мусулмон суханони ҷозибанок мегӯянд, лекин боре таваҷҷуҳ намекунанд, ки маҳз тавассути фаъолияти «исломҳифзнамоӣ»-и эшон иддае аз занҳои фиребхӯрдаи мусулмон фоҳишаҳои ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ», вале дар асл даҳшати исломӣ гардида истодаанд.

Аз нигоҳи ин ҷониб, Ансорӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба далели мавҷу­дия­ти саҳми эшон дар бадбахтиҳои фавқуззикри мусулмонон танҳо дар зоҳир исломиянду дар ботин душмани ашаддитарини ислом ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо бо душманони аслӣ ва таърихии ислом паймон намуда, ба парокандагию нифоқ ва бадбахтии ҳаматарафаи мусулмонон мусоидат карда истодаанд, агарчанде амри Худоро «ба ресмони худовандӣ бипайвандед ва парокандагиро ихтиёр накунед»-нағз медонанд. Ансорӣ ва ҳаммаслакони ӯ рисолати аслии дини исломро, ки дар ҳадафи «Ҳаройина фиристодем расулони хешро бо нишонаҳои равшан ва ба онҳо китоб ва мизонро фурӯ фиристодем, то мардумон бо ҳам одилона муносибат кунанд» ифода ёфтааст, ба хубӣ медонанд, аммо боз ҳам дар байни мусулмонон бо мавъизаҳои зоҳиран ҳимоякунандаи арзишҳои исломӣ, аммо дар асл бар зидди манофеи иҷтимоии онҳо нигаронидашуда низову тафриқаро ривоҷ мебахшанд. Ансорӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз ҳукми ояти дуюми сураи «Мулк» «Он ки офарид марг ва ҳаётро, то биозмояд, ки кадоме аз шумо неккирдортаред» ба хубӣ огаҳанд, лекин боз ҳам ба ҷои ҳидоят намудан ба накӯкорӣ дар байни мусулмонон эҳсоси инсонбадбинӣ тавлид месозанд. Агар маҳсули фаъолияти «исломдӯстӣ»-и Ансорӣ ва ҳаммаслакони ӯро бо аҳкоми қуръониву ҳидоятҳои аҳодиси набавӣ муқоиса намоем, бидуни шак моро дар мусулмон будани онҳо шубҳа фаро мегирад, зеро эшон барои ислому ҷомеаи мусулмонон гургоне ҳастанд дар либоси меш.

Тавре аллома Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Акнун чанд сухан дар хусуси фазои динии кишварамон ва он ашхосе, ки дар барномаи Ансорӣ муҳити динии ҷомеаи моро носолим ва динситез ба қалам медиҳанд. Онҳое, ки дар ин барнома ширкат варзида, бо сӯзу гудоз дар бораи ҳифзи арзишҳои исломӣ ва риояи талаботи шариат ҳарф мезананд, эҳтимол, нахуст, ба сабаби  бесаводии динию дунявияшон, сониян, ба сабаби мавқеъ наёфтанашон дар ҷомеа кайҳо боз ҷомеаи моро тарк гуфтаанд. Аз ин рӯ, ба мисли Ансорӣ зархариде беш нестанд. Аммо ба хотири зарурати пешбурди зиндагӣ эшон аз ночорӣ роҳи хиёнат ба Ватан, ба миллат ва динро ихтиёр намудаанд. Агар ҳар кас хоҳад, ки ба муҳити динии кишвари мо аз рӯи инсоф воқеъбинона баҳо диҳад, бояд ақаллан рӯзҳои ҷумъа нисфирӯзӣ аз назди масоҷиди пойтахт гузаре намояд ва бо чашми худ бибинад, ки чӣ қадар мардумон бо мошинҳои худ ба масоҷид рафта, дар адои намоз ширкат варзида истодаанд, ки дар байни онҳо ҷавонони синни гуногун ба мушоҳида мерасанд. Чизе, ки бояд мавриди таваҷҷуҳ бошад, ҳамин аст, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Ин ҷо мо мардонавор эътироф  менамоем, ки дар кишвари мо ҳам ашхоси намозхон ва ҳам бенамоз, ҳам занҳои сатрпӯш ва ҳам бесатр озодона зиндагӣ ва фаъолият менамоянд. Аммо зимни ҳукм рондан дар бораи масоили мазкур мо набояд фаромӯш намоем, ки ҷомеаи мо дар тӯли зиёда аз 70 сол, яъне тӯли ҳаёти як насли баркамол дар зери фазои идеологияи коммунистӣ қарор дошт. Сониян, кишвари мо мутобиқи Конститутсия  давлати дунявӣ ба ҳисоб меравад, ки тибқи талаботи он ҳар шахс дар масоили динӣ соҳибихтиёр аст, ба шарте ки фаъолияти динии ӯ барои шахси дигар мушкилзо набошад. Солисан,  талаботи Конститутсияи кишвари мо доир ба масоили динӣ бо аҳкоми оятҳои зерини Қуръони карим мувофиқати пурра дорад: «Дар дин маҷбуркунӣ нест»; «агар Парвардигорат мехост, ҳаройина ҳамаи одамон дар рӯи замин ба пуррагӣ имон меоварданд. Оё ту мардумонро маҷбур мекунӣ, то имон биоваранд?»

Бинобар ин, ба Ансорӣ ва ҳаммаслакони эшон маслиҳат медиҳем, ки аз гуфтани дурӯғ ва ангехтани тухми адоват байни мусулмонон бипарҳезанд, ки Худованд дар ҳаққи эшон дар сураи «Бақара» фармудааст: «Мар эшонрост ҷазои дарднок ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд».

 

Кароматулло Абдулҳаев  –  сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 31, 2016 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад