«Суғди бостон»- Фестивали фарҳангию сайёҳие, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ кард
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 августи соли равон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» баргузор гардид.
Меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.
Дар фестивал зикр шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ ба навъҳои туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ афзалият дода мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳадафи аслии фестивали мазкур дар вилояти Суғд- ин муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзишии иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пайваст ва дорои чор пайроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мебошад.
Дар фестивал роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.








Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Ба мактабҳои тоҷикии ноҳияи Шаҳрисабзи Узбекистон китобҳои бадеӣ тақдим гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе Консорсиуми сармоягузории «Area AI» ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
Дар Суғд ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуданд
Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Сохторҳои буҷетии ноҳияи Сангвор ба мавсими сармо пурра омода мебошанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






