«Суғди бостон»- Фестивали фарҳангию сайёҳие, ки имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Август 17, 2016 11:02

Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 августи соли равон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали фарҳангию сайёҳии «Суғди бостон» баргузор гардид.
Меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.
Дар фестивал зикр шуд, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мусоидат менамояд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Пурсишҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ ба навъҳои туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ афзалият дода мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Суғд дорои иқтидори бойи сайёҳӣ буда, дар оянда метавонад барои инкишофи туризми экологӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми арзанда гузорад.
Ҳадафи аслии фестивали мазкур дар вилояти Суғд- ин муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон ва омӯзишии иқтидори он барои шарикони миллию байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пайваст ва дорои чор пайроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим мебошад.
Дар фестивал роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Август 17, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд