Дар муассисаҳои таълимии кишвар занги аввал садо дод

Сентябрь 1, 2016 08:50

Душанбе, 1.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чун анъана ҳамасола дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватани маҳбубамон Рўзи дониш бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Имсол низ дар тамоми зинаҳои таҳсилот оғози дарсҳо соати 8:00-и субҳи 1-уми сентябр шурўъ гардиданд ва хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ нахуст тавассути оинаи нилгун мустақиман суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Дарси сулҳ тамошо намуда, сипас, тибқи ҷадвали дарсӣ машғулиятҳоро оғоз мекунанд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол 204 ҳазор хонанда ба синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мераванд.
«Дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди хонандагони синфи як 200 ҳазору 36 нафарро ташкил медод. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 25 ҳазор ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ наздики 40 ҳазор донишҷўй ба таҳсил фаро гирифта мешаванд»,-илова намуд Эҳсони Хушбахт.
Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 1 ҳазору 421 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул шуданд.
Соли 2015 дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд буд.
Имсол низ дар назар аст, ки то охири соли равон беш аз 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шаванд.

Сентябрь 1, 2016 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд
Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Аз мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 493 нафар ба сафи Артиши миллӣ мераванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Обуҳавошиносон дар Шанхай шуруъ аз соли 1945 бори нахуст дар моҳи март гармии 30 дараҷаро сабт намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Коршиносони СҲШ оид ба тағйирот дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир табодули иттилоъ намуданд
«E-license». Иқдоми нав ба сӯи рақамикунонӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон
Толорҳои алоқа – барои ҳама!
Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Узбекистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд