Ифтитоҳи Варзишгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Сентябрь 28, 2016 09:09

Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд.

Дар рафти сохтмони иншооти варзишӣ 30 нафар мутахассисону бинокорони маҳаллӣ соҳиби кори муваққатӣ ва маоши хуб шуда, корҳо бо риояи қоидаҳои меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замон тибқи лоиҳа ба анҷом расид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Варзишгоҳи зеборо, ки аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни таърихии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба варзишгарону бошандагони ҷамоати деҳоти Сағирдашт арзёбӣ карданд.

Варзишгарони ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои чунин ғамхории арзанда баҳри ҷавонони ноҳия ва тарғиби тарзи ҳаёти солим изҳори сипосу минатдории худро ба Сардори давлат баён доштанд.

Ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки дар баробари дигар варзишгарони номдори мамлакат аз сидқи дил машқу тамрин карда, дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ парчамбардори ватани хеш хоҳанд шуд.

Дар шафати Варзишгоҳи “Карон-Арена” ҳамчунин пояи Парчами давлатӣ бо 20 метр баландӣ ва паҳнои 5 метр дарозӣ ва бараш бошад 2 метро ташкил медиҳад, ки дар афрохта шуд.

Сентябрь 28, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд