Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2016 10:10

Душанбе, 09.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.

Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.

Ба андешаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд. Бисту панҷ сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.

Бо зикри ин нукта Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштанд, яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.

Дар интиҳои суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони мамлакатро бори дигар бо биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии кишвари азизамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва дастовардҳои бузург таманно карданд.

Сипас намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову  намояндагони дигар қишрҳои ҷамъият бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд.

Сентябрь 9, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд