Сироҷидин Аслов дар Иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ сухан гуфт

Октябрь 19, 2016 09:08

Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки 18-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд оғоз гардид, ширкат ва суханронӣ кард.
Зимни иҷлосия, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲИ дар атрофи масъалаҳои умдаи ҷаҳони ислом, мушкилот ва чолишҳои муосир ва роҳҳои таҳия ва татбиқи талошҳо ва иқдомоти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлосия мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба бандҳои гуногуни рӯзномаи СҲИ ироа намуда, ба зарурати аз нав оғоз гирифтан ва таҳким бахшидан ба раванди музокирот дар Ховари Миёна дар асоси қатъномаҳои СММ ва дигар ташаббусҳои байналмилалӣ, ҷалби Афғонистон ба равандҳои минтақавии иқтисодӣ, таъмини амнияти долонҳои транзитии тиҷоратӣ тавассути Афғонистон, тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, аз ҷумла коркард ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байниминтақавӣ дар қаламрави СҲИ таъкид кард.

Октябрь 19, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд