Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҶТ: «Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф гардидааст»

Октябрь 21, 2016 14:35

yusuf-rahmon-genprokurorДушанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосии кишвар сабт менамояд». Ин нукта имрӯз дар конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва такомули рукнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бахшида ба 22- юмин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ доир гардид, зикр карда шуд.
Дар конфронс раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад. «Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд»,- гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён ва ҳамчунон афзуд, ки «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад».
Ба андешаи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуда, Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори дигар конститутсияҳои ҷаҳон аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст.
Прокурори генералӣ ҳамчунон баён намуд, ки «дар асоси меъёрҳои Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияи миллии мардуми тоҷик мебошанд».

Октябрь 21, 2016 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд