20 ноябр – Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак: Дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст

Ноябрь 20, 2016 08:10

Душанбе, 20.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 20 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Соли 1954 Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ягон рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак- рӯзе, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шуда бошад, ҷашн гирифта шавад.

20 ноябри соли 1959 Ассамблеяи Генералии СММ аввал Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва баъдан 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пешбинӣ менамояд.

Мақсад аз ҷашнгирии ин рӯз бори дигар ҷалб намудани диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон мебошад.

Тавре Раҷабмо Бадриддинова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ иброз дошт: «Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин санадҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1993 онро ба тасвиб расонд.

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти Конвенсия дар ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Пеш аз ҳама, қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст».

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти  принсипи таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ки аз талаботи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бармеояд, таҳия ва пайваста такмил дода мешавад. Кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, барномаю сратегия ва консепсияҳои дар ин самт қабулшуда ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро кафолат медиҳанд.

«Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»  ҳуқуқи кӯдаконро  ба ҳаёт, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, ҳуқуқи онҳо ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ва амалишавии онҳоро тавассути андешидани тадбирҳои дахлдор  кафолат медиҳад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Бо мақсади  таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Раҷабмо Бадриддинова таъсис додани чунин механизми махсуси ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро   қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак номида, зикр кард: «Сохтори мазкур бо назардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кӯдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат мекунад».

Ба маълумоти Р. Бадриддинова, дар нуҳ моҳи соли равон вобаста ба ҳуқуқи кӯдакон 83 муроҷиат баррасӣ шудааст. Муроҷиаткунандагон асосан вобаста ба масъалаҳои таъминоти кӯдакон аз ҷониби падару модар, ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба манзил, озодӣ аз зӯроварӣ, ҳуқуқ ба муошират бо волидайн муроҷиат намудаанд.

Таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки бо  кӯшишҳои  пайвастаи Пешвои миллат баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Дар самти таъмини ҳуқуқи кӯдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони  маъюб ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.

Ҳуқуқ ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузорӣ таъмин карда мешавад. Давлат ба ҳифзи кӯдакони ятим,  маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд.  «Ба осебпазирии вазъи молиявии кишвар нигоҳ накарда, ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ  таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон бо ҷойи зист, хӯрок, либос, маблағҳои пулӣ, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд»,-илова намуд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.

Р. Бадриддинова изҳор намуд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар баробари дастовардҳо мушкилиҳо низ ҷой доранд, ки бештар бо меҳнати кӯдакон, хусусан шаклҳои вазнини он, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, дастрасии духтарон ба таҳсил, дар кӯча мондани онҳо, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсил, аз оилаҳои пурра дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ҷойгир намудани фарзандон, бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак вобастаанд. Қонунгузории амалкунанда кафолатҳои иловагиро вобаста ба меҳнати кӯдакон (манъи истифодаи он дар корҳои вазнин, муоинаи ҳатмии тиббӣ, давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ, муайян намудани реҷаи махсуси меҳнат ва истироҳат) муқаррар намудааст. Қонун шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдаконро, ки ба саломатӣ, рушди ҷисмонӣ ва маънавӣ ва таҳсили кӯдак таъсир мерасонанд,  манъ мекунад.

«Як қисми кӯдакон имрӯзҳо асосан дар кӯчаву бозорҳо ба сифати боркашон, аробакаш, мошиншӯй кор мекунанд.  Ҳангоми бо меҳнат машғул шудан ин кӯдакон бо хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аз таҳсил дур мемонанд. Корфармоён онҳоро фиреб карда,  мавриди зӯроварӣ ва таҳқир қарор медиҳанд.  Ин мушкилот имрӯз  дар маркази диққати Ҳукумат қарор доранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои барҳам додани меҳнати кӯдакон таҳлил ва такмили қонунгузорӣ дар масъалаи дастгирии иҷтимоии кӯдакон ва модаронро хусусан дар оилаҳое, ки бесаробон мондаанд, таҳияи нақшаҳои мубориза бо меҳнати вазнини кӯдакон дар сатҳи минтақа ва маҳалҳо, дар сатҳи маҳал гузаронидани мониторинги истифодаи меҳнати кӯдакон бо мақсади пешгирии  шаклҳои бадтарини он,  таҳияи маводи иттилоотӣ ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ барои кӯдакон, падару модарон, муаллимони мактабҳо, ташкилоти ҷавонону занон оид ба шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон, оқибатҳои он барои кӯдакон ва зарурати пешгирии онро  зарур шуморид.

Мавҷуда АНВАРӢ

 

Ноябрь 20, 2016 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад