Дар вилояти Суғд соли равон ду «шаҳри саноатии миллиардер» ба қайд гирифта шуд

Декабрь 5, 2016 15:51

Хуҷанд. 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Соли равон дар миқёси вилоят ду шаҳр ҳамчун «шаҳри саноатии миллиардер» ба қайд гирифта шуданд. Инҳо шаҳри Гулистон, ки аз ҷониби коргоҳҳои саноатии он дар давоми 11 моҳ ба маблағи 1,9 млрд ва шаҳри Панҷакент, ки ба андозаи 1,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, мебошанд». Ин маълумотро ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода дастрас кард.
Ба иттилои манбаъ, дар 11 моҳи соли равон ба саноатчиёни вилояти Суғд муяссар гардид, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6,2 млрд. сомонӣ расонанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 2 млрд сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои амалкунанда ба 147,5 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 139,1 фоиз баробар мебошад.
«Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба саноатчиёни вилоят дастур дод, ки дар миқёси вилоят то якуми январи соли 2017 ҳаҷми маҳсулоти саноатиро нисбат ба якуми январи соли 2014, яъне дар давоми 3 сол 2 маротиба афзоиш диҳанд. Саноатчиёни вилоят бо истифода аз захираҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти саноатиро то якуми декабри соли равон нисбат ба соли 2014- 2,1 маротиба афзоиш доданд»,-афзуд О. Шарифзода.

Декабрь 5, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд