Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 20.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр зимни мулоқоти маҷозии директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода ва ректори Донишгоҳи давлатии миллии таҳқиқотии Нижний Новгород ба номи Н.И. Лобачевский Олег Трофимов тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкории таҳқиқоти муштарак дар соҳаи амнияти кимиё, биология, радиатсионӣ ва ҳастаӣ, мубодилаи кормандони илмӣ-омӯзгорӣ, баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, конфронсҳо, семинарҳо ва таҳияи барномаҳои таълимии муштарак барои омодасозии мутахассисон дар бахшҳои гуногуни стратегӣ ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии давлатии Нижний Новгород ба номи Н.И. Лобачевский созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санад барои рушди ҳамкории илму маориф байни Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, таҳқиқи корҳои илмии муштарак ва дигар ташаббусҳои дар самти таълим пешбинишуда заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






