ҶДММ «Пайванд» дар масоҳати 10 гектар дар ноҳияи Рашт боғи интенсивӣ бунёд менамояд

Декабрь 2, 2016 11:18

Рашт, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Пайванд» дар масоҳати 10 гектар замин дар ноҳияи Рашт боғи интенсивӣ бунёд менамояд.
Дар ин бора  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар минтақаи Рашт хабар дод.
«Масъулини ҷамъияти мазкур барои сари вақт бунёд намудани боғ ҷойи шинонидани дарахтонро омода намуда, 20 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз хориҷи кишвар ворид намуда истодаанд»,-иброз намуд  намояндаи ҶДММ «Пайванд» Мирзо Ширинов.
Ба иттилои манбаъ, дар назар аст, ки дар ояндаи наздик ҷамъият дар масоҳати 40 гектар замин дар ноҳияи Нуробод боғҳои интенсивӣ бунёд намуда, сохтмони сардхонаю корхонаи коркарди меваро оғоз намояд.

Декабрь 2, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад