Футбол: ду бозингари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон клубҳои худро дигар карданд

Январь 5, 2017 11:26

ДУШАНБЕ, 5.01.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду бозингари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар марҳалаи гузариши зимистонӣ клубҳои худро дигар карданд. Дар ин бора сомонаи «the-afc.com» хабар медиҳад.
Одил Ахмедов, капитани дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, ки қаблан дар дастаҳои «Пахтакор»-и Тошканд, «Анжи»-и Махачқалъа ва «Краснодар»-и Россия бозӣ мекард, шартномаи худро бо клуби «Шанхай СИПГ»-и Чин ба имзо расонд. Муҳлати шартнома се солро дар бар мегирад. Одил Ахмедови 29-сола дар ҳайати клуби охиринаш-«Краснодар», ки аз соли 2014 бозӣ мекард, дар 101 вохӯрӣ ширкат карда, ба дарвозаи ҳарифон 7 гол задааст. Одил Ахмедов бозингари аз ҳама арзишманди Ӯзбекистон (9 миллион евро) ба ҳисоб меравад.
san-ar-tursunovЁдрас мешавем, ки дар дастаи «Шанхай СИПГ»-и Чин ҳамлагари собиқи КФ «Зенит»-и Санкт Петербург Халк ҳунарнамоӣ мекунад ва ба он мутахассиси португалӣ Андре Вилаш-Боаш, ки қаблан дастаҳои «Порту», «Интер», «Челси» ва «Зенит»-ро машқ медод, фаъолият дорад. Ба ин даста Оскар низ аз дастаи «Челси» гузаштааст.
Бозингари дуюми дастаи мунтахаби Ӯзбекистон Санҷар Турсунов аз дастаи «Ворскла»-и Украина ба КФ «Алхаритиёт»-и Қатар гузашт. Аз рӯи маълумоти Transfermarkt КФ «Ворскла» барои ин бозингари ӯзбек 400 000 евро манфиат бардоштааст.
Санҷар Турсунови 30-сола пештар дар дастаҳои «Иртиш», «Волга», «Алания», «Локомотив»-и Тошканд, «Газовик», «Ворскла», «Умм-Салал»-и Қатар бозӣ кардааст.

Январь 5, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад