Игор Черевченко: «Барои аз «Локомотив» рафтанам пушаймон нестам»

Январь 24, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 24.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Собиқ бозингари дастаи «Помир»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон Игор Черевченко, ки вазифаи сармураббигии дастаи «Локомотив»-и Москваро пештар ба уҳда дошт, дар мусоҳибаи телевизионӣ (Россия-24) баён кардааст, ки аз қарори тарк кардани мансабаш пушаймон нест. Аз рӯи суханони ӯ дигар роҳи ин масъала вуҷуд надошт.
«Вақте ки давраи омодагиро мегузаронидем, аз роҳбарият ягон хабар набуд, иттилои телефонӣ ҳатто намерасид. Намедонистам, ки ба чемпионат чӣ гуна тайёр шавем. Даста дар ҳолати номуайянӣ қарор дошт, аз ин рӯ ман қарори аз даста рафтанамро хуб дарк кардам», — овардааст «Спорт Экспресс» бо истинод ба ТВ «Россия 24».
Игор Черевченко дастпарвари футболи Тоҷикистон буда, дар ҳайати дастаҳои «Помир»-и Душанбе, «Локомотив», «Торпедо» ва Алания»-и Россия бозӣ кардааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 8 вохӯрӣ гузаронидааст. Аз соли 2008 то 2015 дар вазифаи мураббӣ ва аз соли 2015 дар вазифаи сармураббии дастаи «Локомотив» фаъолият кардааст. Дар таърихи футболи Россия ягона шахсе мебошад, ки ҳамчун бозингар ва мураббӣ соҳиби Ҷоми Россия гардидааст.

Январь 24, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад