Натиҷаҳои ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

Январь 27, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 27.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия  оид ба ҳамкориҳои  иқтисодӣ  баргузор гардид.

Рўзномаи  ҷаласаи  навбатӣ   нахуст дар  вохўрии  хоссаи  ҳамраисони  Комиссияи  байниҳукуматӣ-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи  Россия Игор Шувалов  мувофиқа гардида, сипас дар нишасти  васеъ бо иштироки ҳайатҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар  ҷаласа  муҳимтарин  самтҳои  ҳамкориҳои  байниҳукуматии Тоҷикистону  Россия  дар  соҳаҳои  иқтисоду  тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, гумрук,  муҳоҷирати  меҳнатӣ, илму  маориф, фарҳанг, тандурустӣ  ва  варзиш    мавриди  баррасӣ қарор гирифта, оид ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мазкур, иҷрои  нақшаи  қарорҳои  ҷаласаи  13-ум  ва  нақшаи чорабиниҳо  ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2015-2018, инчунин  рушду тавсеаи ҳамкориҳо  байни  минтақаҳои  Тоҷикистон ва Россия фикру мулоҳизаҳои  судманд  баён карда шуданд.

Доир  ба  бартарафсозии  мушкилоту  монеаҳои  мавҷуда, ки ба рушду  тавсеаи  бештару  хубтари  ду  давлати ба ҳам дўст таъсири манфӣ  мерасонанд,  табодули афкор  сурат гирифта,  ҳарду ҷониб омодагию  ҳавасмандии  худро  ҷиҳати  тақвияти  ҳамкориҳо  дар  самти содироти  маҳсулоти  хушсифати  кишоварзии Тоҷикистон ба Россия, роҳандозии  хатсайрҳои ҳавоии байнидавлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар ва мусоидат ба беҳтарсозии  вазъи муҳоҷирати   меҳнатӣ таъкид намуданд.

Дар  анҷом аз ҷониби ҳамраисони Комиссия-Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини якуми Раиси Ҳукумати  Федератсияи  Россия  Игор   Шувалов қарори  ҷаласаи  14-уми Комиссияи  байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия  оид  ба  ҳамкориҳои  иқтисодӣ  имзо  карда  шуд.

Вобаста ба натиҷаҳои кори ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба  ҳамкориҳои  иқтисодӣ  роҳбарони  ҳайатҳо  бо изҳороти матбуотӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма баромад намуда, натиҷаҳои  вохўрии имрўзаро барои ҳарду ҷониб манфиатбор арзёбӣ карданд.

Копия IMG_0921Копия IMG_0988

 

Январь 27, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»