Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер

Февраль 13, 2017 15:31

ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия самимона табрик менамоям.

Мо густаришу таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо Германия аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон медонем ва ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамкориҳои созандаву рушдёбандаи мо дар натиҷаи саъю талошҳои муштараки солҳои охир пайгирона вусъат ёфта,  мазмуну муҳтавои фарохтарро касб кардаанд.

Умедворам, ки ин раванд минбаъд низ идома ёфта, муносибатҳои ду кишвар боз ҳам рушд хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳҳатмандиву саодат ва дар ҷодаи амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Германия ва мардуми он амну амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

Февраль 13, 2017 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд