Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ аз 13-уми феврал шурӯъ мешаванд

Февраль 11, 2017 10:33

ДУШАНБЕ, 11.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ аз 13-уми феврал шурӯъ мешаванд. Расми қуръакашӣ дирӯз дар Муассисаи давлатии ТВ Варзиш мустақиман гузаронида шуд, ки ин дар таърих бори аввал аст.
Дастаҳо ба ду гурӯҳи баробар ҷудо шудаанд. Ба ҳамин тартиб ба гурӯҳи «А» «Ҳосилот» (Фархор), «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд), ба гурӯҳи «Б» «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Истиқлол» (Душанбе), «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Ашт» (Ашт) шомил шуданд.
Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки ба мусобиқаи ниҳои роҳхат гирифта буд, аз иштирок дар бозиҳои ниҳоӣ даст кашид ва ба ҷои он «Истиқлол»-и Душанбе, ки соҳиби зинаи сеюми гурӯҳи «Б»-и минтақаи Душанбе гардида буд, бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи низомномаи мусобиқа ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ барои Ҷом мубориза мебаранд.
Дар даври аввали мусобиқа «Равшан» бо «Ҳосилот» (13-уми феврал, соати 12:30) ва «Хуҷанд» бо «Кӯктош» (соати 15:00) вориди майдон мешаванд.

Февраль 11, 2017 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт