Миср ва Камерун дар бозии ниҳоии Ҷоми Африка

Февраль 3, 2017 15:11

ДУШАНБЕ, 03.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои мунтахаби Миср ва Камерун ба бозии ниҳоии Ҷоми Африка, ки дар Габон идома дорад, роҳхат гирифтанд. Тавре сомонаи мусобиқа иттилоъ медиҳад, вохӯрии аввали нимниҳоӣ бо иштироки дастаи мунтахаби Миср ва Буркина Фасо дар дар вақти асосӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст шуд ва дар задани силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ чемпионҳои ҳафткаратаи ин қитъа-мисриҳо бо нишондоди 4:3 ба пирӯзӣ расиданд. Баъди соли 2010 дастаи мунтахаби Миср бори аввал ба бозии ниҳоӣ баромад.
Дар ҷуфти дуюми вохӯрии нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Камерун ва Гана вориди майдон шуданд. Ду голи Майкл Нгаду-Нгаҷуй (72) ва Кристиан Муганг (90+3) футболбозони Камерунро ба бозии ниҳоӣ раҳсипор карданд.
4 феврал дастаҳои мунтахаби Буркина Фасо ва Гана барои медалҳои биринҷӣ ва 5 феврал Миср бо Камерун барои Ҷом вориди рақобат мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки бозиҳои ниҳоии Ҷоми Африка ҳар ду сол гузаронида мешаванд. Соли 2015 дар бозии финалӣ дастаҳои мунтахаби Кот-дИвуар (Соҳили Оҷ) ва Гана бо ҳам вохӯрданд. Кот-дИвуар бо ҳисоби 9:8 (0:0, вақти асосӣ) аз зарбаҳои пеналтӣ пирӯз гардида, унвони чемпиониро соҳиб шуда буд.

Февраль 3, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт