Наврасони Тоҷикистон ба Санкт-Петербург ба мусобиқаи «Футбол барои дӯстӣ» мераванд

Март 30, 2017 12:33

ДУШАНБЕ, 30.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Мавсими панҷуми лоиҳаи иҷтимоӣ барои кӯдакон- «Футбол барои дӯстӣ», ки марҳалаи ҷамъбастиаш дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия аз 26 июн то 3 июли соли равон мегузарад, оғоз ёфт. Дар ҷараёни қуръакашии кушод, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳамбурги Олмон доир гардид, ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳо ва мавзеи бозиашон муайян карда шуданд.
Футболбозони наврасеро, ки дар соли 2017 мамлакатҳояшонро муаррифӣ мекунанд, Кумитаи ташкилии лоиҳаи байналмилалии «Футбол барои дӯстӣ» якҷоя бо федератсияҳо интихоб менамояд. Дар мусобиқа дастаҳо дар ҳайати 8 нафар (духтарону писарон), ҳамчунин наврасони аз 12 то 14-солае, ки қобилияти маҳдуд доранд, ширкат менамоянд.
Тибқи пешбинӣ, 25 апрел ҳазорон нафар кӯдакону калонсолон дар рӯзи ҷашни байналмилалии футбол ва дӯстӣ ба иштирокчиёни барнома ҳамроҳ мешаванд.
1 июл дар шаҳри СанктПетербурги Россия чемпионати байналмилалии «Футбол барои дӯстӣ» наврасони халқияту миллатҳоро, новобаста ба ҷинсу имкониятҳои ҷисмониашон ба майдони бозӣ меорад.
2 июл форуми панҷуми байналмилалии «Футбол барои дӯстӣ», ки бо иштироки кӯдакону наврасон ва рӯзноманигорони маъруфу шахсони мӯътабар мегузарад, масъалаи ривоҷи ин барномаро дар кишварҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар ҷамъбасти мавсими панҷуми лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ» иштирокдорони форум дар бозии финалии Ҷоми Конфедератсия-2017, ки дар варзишгоҳи «Санкт-Петербург Арена» баргузор мегардад, ширкат менамоянд.
Лоиҳаи байналмилалии иҷтимоии кӯдакон- «Футбол барои дӯстӣ» дар чаҳорчӯбаи барномаи «Газпром барои кӯдакон» аз ҷониби ҶСО «Газпром» роҳандозӣ шудааст. Мақсади барнома ривоҷи футбол байни кӯдакону наврасон, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарҳангу оини миллатҳои гуногуни кишварҳои сайёра мебошад.
Директори тиҷоратии ФИФА Филлип Ле Флок гуфтааст: «Ташаббуси «Газпром» имконият медиҳад, ки кӯдакон дар саросари ҷаҳон шунида шаванд ва мо ба мақсаду арзишҳои асосии «Футбол барои дӯстӣ» баҳои баланд медиҳем. Мо омодаем, ки ташаббуси Кумитаи ташкилии барномаро то оғози Чемпионати ҷаҳон -2018 дастгирӣ намоем».
Ҳазорон нафар иштирокдорон дар тамоми ҷаҳон ҳар сол ба ин барнома ҳамроҳ мешаванд. Шумораи кишварҳое, ки ба он пайвастаанд, аз 8 дар соли 2013 ба 64 дар соли 2017 расидааст. Садҳо футболбозони наврас сафири ҳаракати «Футбол барои дӯстӣ» мегарданд. Рамзи лоиҳаи «Футбол барои дӯстӣ»-ро, ки аз дастбанде иборат аст, беш аз 400 000 нафар одамон дар тамоми сайёра бо худ мегардонанд. Ба ин қатор кӯдакон, калонсолон, варзишгарону рӯзноманигорони маъруф ва ҳунармандону сиёсатмадорони як қатор кишварҳо ҳамроҳ шудаанд.

Март 30, 2017 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт