Пешвои миллат: «Зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд»
ДУШАНБЕ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни кишвар, ки ҳамчун рамзи неки наврӯзӣ ҳар сол дар арафаи ин ҷашни мубораки миллиамон доир мегардад, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба ифтихори фарорасии ин ойини хусравонӣ, яъне Наврӯз, ки чанд сол инҷониб ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил мегардад, самимона табрик намуд.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки Наврӯзи бостонӣ, ки хусусияти барҷастаи он ҷашни хурсандии хурду бузург, яъне тамоми мардум мебошад, дар кишвари мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо рамзу ойинҳои бисёр дерина ва рангу таровати басо дилчаспу зебандаи худ эҳё гардида, ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии сокинони Тоҷикистони биҳиштосоямон табдил ёфтааст.
Яъне мардуми мо марду зан, пиру ҷавон, ҳама ин ҷашнро интизорӣ мекашанд, барои истиқболи арзандаи он омодагӣ мегиранд, расму ойинҳои наврӯзиро бо хурсандиву хушҳолии зиёд ва дастҷамъона ба ҷо оварда, беҳтарин нияту орзуҳои худро бо Наврӯз, ки Соли нави аҷдодиамон мебошад, пайванд медиҳанд.
Ба ақидаи Роҳбари давлат, эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад.
Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон намуданд, ки сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии наслҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як зиёии ватандӯст ба шумор меравад.
«Мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамоем, зеро зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд»,-иброз намуданд Пешвои миллат.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






