Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Апрель 7, 2017 17:40

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Санаи хотирмон- 25-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ман имкони хуб медиҳад, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро ирсол намоям.

Тӯли ин чоряк аср муносиботи Тоҷикистон ва Россия тибқи  хатҳои тулӯъкунанда рушд кардаанд, ошкоро будан ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни ду кишвар дар ҳамкории мутақобилаи онҳо, чӣ дар заминаи дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрсамта меъёр гардидааст.

Дар Тоҷикистон ба нақши таърихии Россия дар ҷараёни барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин ҳиссаи муҳими он дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат баҳои баланд медиҳанд.

Басо гуворост, ки тӯли солҳои гузашта бо кӯшишҳои муштарак мо ҳамкории  Тоҷикистон ва Россияро, ки ба анъанаҳои қадимии дӯстӣ ва робитаҳои дуҷонибаи мардумони мо асос ёфтаанд,  ба сатҳи нави босифати шарикӣ баровардем. Мо тӯли ин солҳо натиҷаҳои амалии ба даст овардашуда дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо мувофиқро муътабар медонем.

Тамоми маҷмӯи муносибатҳои байнидавлатиро бо Россия ҳамчун афзалияти калидии сиёсати дохилии худ баррасӣ намуда, мо бо умедҳои нек ба ояндаи қобили мушоҳидаи он нигоҳ мекунем ва ба амалисозии амалҳои пайваста оид ба таҳкими ҳамкории минбаъдаи ду кишвар тибқи қоидаҳои шарикии стратегӣ  устуворона омодаем.

Зимни ин мо онро ба назар мегирем, ки бо мақсади ба муносибатҳои муттаҳидаи мо додани сифати хеле баланд, хусусияти комилӣ ва мутаносибӣ, давом додани корҳо дар тамоми сатҳҳо ҷиҳати ба даст овардани мувозинат миёни паҳлӯҳои ҳамкории дуҷониба- сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, гуманитарӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкории мутақобила муҳим аст.

Дар робита ба ин мехостам аҳамияти муҳими амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати ба сатҳи татбиқи амалӣ баровардани тавофуқоте, ки чанде пеш   зимни сафари расмии Шумо ба Тоҷикистон сурат гирифтанд, таъкид намоям. Бовар дорам, ки мо якҷоя метавонем иқтидори бузурги ҳамкории мутақобилаи  Тоҷикистон ва Россияро ба манфиати мардумонамон пурра амалӣ намоем».

Ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, тансиҳатӣ, ва дар амалӣ гардидани тамоми нияту мақсадҳои ба таҳкими амният ва таъмини шукуфоии Россияи бузург равонагардида муваффақиятҳои калон, ба халқи дӯсти он- сулҳ, беҳбудӣ ва саодат орзумандам».

Апрель 7, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд