Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Сочи иштирок мекунанд

Май 24, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи наврасони  Тоҷикистон (U-16) таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар шаҳри Сочи, ки дар арафаи бозиҳои Ҷоми Конфедератсия доир мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба иттилои ФФТ, мусобиқа аз 29 май то 2 июн бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон ва кишвари Краснодар баргузор мегардад. Бозиҳо дар ду қисми 40-дақиқагӣ дар варзишгоҳи «Юност» барпо мешаванд.

Тибқи муқаррароти мусобиқа, бозиҳо дар як давр доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он ду дастаи беҳтарин дар бозии финалӣ ва ду дастаи боқимонда барои ишғоли зинаи сеюм бо ҳам қувва месанҷанд.  Воҳурии аввалини худро дастаи наврасони Тоҷикистон 29 май бо дастаи  Арманистон баргузор мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол  марҳилаи омодагӣ ба даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 мебошад, ки аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин даври интихобӣ ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Уммон, Сурия, Туркманистон ва Малдив мебошанд.

Май 24, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт