Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Май 22, 2017 00:13

Рӯзи 21 майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Шоҳ Абдулазиз баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

​Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд самимона истиқбол гирифт.

​Дар кори саммит сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои  55 кишвари олам иштирок карданд.

​Қабл аз оғози чорабинӣ маросими аксбардории  иштирокчиёни саммит баргузор шуд.

​Ҳамоиши сатҳи баландро, ки ба мавзуи таъмини сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои бузургу глобалии ҷомеа — терроризму ифротгароӣ бахшида шуда буд, бо сухани муқаддимавӣ Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ифтитоҳ намуд.

Сипас Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп суханронӣ кард.

Дар суханронии худ Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба созмондиҳандагони чорабинӣ  барои меҳмоннавозии олӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки муҳим аз ҳама зарурати баррасиву муҳокимаи мавзӯъҳои дар маркази  нигаронии амиқи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣқарор дошта, ҳамагонро дар ин рӯз  ҷамъ овардааст

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар терроризм ва ифротгароиро, ки  ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфтааст маҳкум намуда, аз иштирокчиёни иҷлосия барои дарёфти  роҳҳои муассири решакан кардани сарчашмаҳои дастгирии сиёсӣ, низомию  молиявӣ  ва пешгирӣ аз оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавии ин таҳдидҳои ҷаҳонӣ   даъват ба амал оварданд.

Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  истифодаи сиёсати “меъёрҳои дугона” яке аз омилҳои ба таври фарогир татбиқ нагардидани иқдомҳои ҳамоҳангшуда буда, бар асари мавқеъгирии духӯра нисбат ба хостаҳои ифротиву террористӣ, гурӯҳҳои тундгаро мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии бархе аз бунёдҳову созмонҳои ба ном ҷамъиятӣ ва ҷонибҳои дигар қарор гирифтаанд.

Дар суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз ҷуғрофияи паҳншавии   терроризм ва ифротгароӣ дар шаклу усулҳои  боз ҳам даҳшатноктар, ки  хатари аз байн рафтани кишварҳо, ҳалокати садҳо ҳазор нафарони бегуноҳ  ва харобиву хисороти бемисл дар пай доранд, инчунин кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он ёдовар шуданд.

Бо ёдоварӣ аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки ин таҷриба бори дигар собит сохт, ки ҳама гуна нерӯҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш аз номи поки ислом сӯиистифода мекунанд, ҳаргиз мавриди пуштибонии ҷомеа қарор нахоҳанд гирифт.

Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир  ба ноамниҳо  дар кишварҳои алоҳидаи Ховари Миёна ва вазъияти мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд иброз дошта,  мавқеи   Тоҷикистонро   дар ҳалли мушкилот ва пешгирию маҳкум намудани  хатарҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ  таъкид намуданд.

Дар хотима Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти рӯзафзуни гуфтугӯи тамаддунҳоро бар асоси баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулгароӣ, шаффофият ва ягонагии сухану амал бори дигар таъкид карда, изҳори умудворӣ намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза  таъсиргузор ва ҷавобгӯи ормонҳои сулҳу суботи ҷомеаи кишварҳо  хоҳанд буд.

Иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои олами арабӣ, исломӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико   22.05.2017

Май 22, 2017 00:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд