Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2017 17:42

ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон раисони ноҳияҳои Бохтар ва Ҷайҳун гузориш доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Панҷ, Бохтар ва Ҷайҳунро ба масъалаи истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои саҳроӣ, захираи маводи ғизоӣ, бунёдкорию созандагӣ, инчунин иҷрои саривақтии дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” ва пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” ирсол гардид.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии “Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, Дар бораи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулот дар рӯзҳои моҳи рамазон, анҷоми амалҳои хайр дар ин рӯзҳо, хусусан дастгирии эҳтиёҷмандону бепарасторон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  26.05.2017

Май 26, 2017 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд