Муроҷиати шаҳрвандон ба Парлумон афзудааст

Май 4, 2017 17:26

ДУШАНБЕ, 04.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Дар соли 2016 ба палатаи поёнии Парлумони кишвар беш аз 700 муроҷиати хаттии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ворид гардидааст, ки ин дар қиёс ба соли 2015 зиёд мебошад. Муроҷиати шаҳрвандони кишвар ба Парлумон бештар ба масъалаҳои баҳсҳои судӣ, дастрасӣ ба қитъаи замин, оби ошомиданӣ, таъмини роҳ марбут будааст. Абдулбасир Сабуров, мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Маҷлиси намояндагон зимни машварате, ки имрӯз дар Парлумони кишвар дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баргузор гардид, гуфт, ки ҳамзамон соли гузашта 3 ҳазору 691 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул гардиданд.
парламент СабуровАбдулбасир Сабуров роҷеъ ба моҳияти қонун ва паҳлӯҳои раванди татбиқи он дар ҷомеа ибрози назар карда, афзуд, ки рисолати қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати шаҳрвандон иборат буда, он муносибатҳоро вобаста ба тартиби пешниҳод ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилот, муассисаҳо, корхонаҳо, ирсол гардидаанд, танзим менамояд.
Мавсуф ҳамчунин роҷеъ ба муроҷиати электронӣ, шифоҳӣ, тавассути ВАО, дастҷамъона ва муроҷиати такрорӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки шахсони мансабдор ва ваколатдори мақомоту ташкилоти дахлдор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муроҷиатҳоро моҳиятан баррасӣ менамоянд, ба ин самти кор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Таъкид шуд, ки дар доираи ин қонун таъқиби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бинобар муроҷиати онҳо ба мақомоту ташкилоти марбута вобаста ба танқиди фаъолияти мақомоту ташкилот ё шахсони мансабдору роҳбарони онҳо ҷиҳати барқарор ё ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии худ ё ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии шахсони дигар манъ аст.

Май 4, 2017 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд