Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Апрель 5, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур ван Дизен мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Парлумони Тоҷикистон дар идомаи татбиқи «сиёсати дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро бо Хазина дар шакли нав таҳким диҳад.

Иброз гардид, ки ҳамкории мо тавассути якчанд барномаҳо дар самтҳои мухталиф дар солҳои охир дар асоси уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз қабили Ҳадафҳои Рушди Устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла афзалияти Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад.

Мавсума Муинӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар такмилу таҳияи қонунгузории миллӣ, ки ба хотири ҳифзи кӯдак, риояи ҳуқуқу озодии онҳо, саломатии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани имконоти рушди ҳамаҷониба ба онҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳаёти мамлакат, фаъолгардонии нақши онҳо дар раванди дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ фаъол буда, пайваста таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», таҳияи қонунҳо «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи маориф» намунаи он мебошад.

Ҳамзамон саҳми арзандаи кумаки дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадорӣ дар таъмини ваксинаҳои COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути механизми COVAX дар вазъияти хеле вазнин ва зимни мубориза бо коронавирус, ҳамчунин дар ҷараёни бозгардонии (бозгашти) шаҳрвандони мо, бахусус кӯдакон аз давлатҳои Ховари Миёна ба Тоҷикистон, дастгирии техникӣ ва ҷалби равоншиносон баён гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуд
Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба якчанд қонун тағйироту иловаҳо ворид карда шуд