Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд

Апрель 5, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи назоратӣ-буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад. 

Ҳамчунин дар кори ҷаласа вакилони парлумонҳои миллӣ ва масъулони Котиботи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, якчанд масъалаи таъмини молии фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуданд.

Дар доираи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои маблағгузории ҷории фаъолияти Ассамблея, ташаккул ва иҷрои буҷети он  баррасӣ гардида, лоиҳаи санадҳои меъёрии маҳаллӣ, инчунин қарорҳои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба самтҳои молиявии фаъолияти Ассамблея дида шуданд.

Мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ натиҷаҳои кори комиссия барои соли 2023 ҷамъбаст гардид.

Дар интиҳо иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин нақшаи навшудаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои соли 2024 баррасӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд