Паҳлавони ҷавони тоҷик Сӯҳроб Боқиев дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо соҳиби мақоми панҷум гардид

Май 26, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  паҳлавони ҷавони  тоҷик Сӯҳроб Боқиев дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо, ки дар  шаҳри Гонконг ҷараён дорад, мақоми панҷумро касб кард. Вай  дар рақобатҳо дар вазни   60 кило баъди се пирӯзӣ бар Чон Ҳу Лио (Макао), Янг Вей Янг (Тайван) ва Ёнг Нам Пак (Кореяи Шимолӣ), дар даври нимфиналӣ аз  варзишгари Ҷопон Наоҳиса Такато мағлуб гашт. Баъдан Сӯҳроб барои медали биринҷӣ аз  паҳлавони ӯзбекистонӣ  Мӯҳриддин Тилавов  шикаст хӯрд.

Бояд зикр кард, ки  дар вазни  60 кило  варзишгари ҷопонӣ Наоҳиса Такато ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт. Рашнонажод бо медали нуқра мукофотонида шуд. Ёнг Нам Паки кореягӣ ва Мӯҳриддин Тилавови ӯзбекистонӣ барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо дар Гонконг имрӯз варзишгари дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни  73 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Шатлук Ҷумъаниёзов (Туркманистон) ва Мирзоҳид Фармонов (Ӯзбекистон) дар даври сеюм аз Сайинҷиригала (Чин) мағлуб шуд. Хоҷазода муборизаро барои медал идома дод, вале аз Муҳаммад Муҳаммади Боримонлу (Эрон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Хотиррасон менамоем, ки  дар Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо дар Гонконг 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат доранд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои  Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Фахриддин Раҳимов ҳафт  варзишгар  дохиланд: Сӯҳроб Боқиев (-60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг).

27 май се варзишгари тоҷик — Садр Боев, Комроншоҳи Устопириён ва Саидҷалол Саидов  вориди рақобат мешаванд. Садр Боев дар вазни — 81 кило дар нахустин қувваозмоияш бо Лояд Деннис Катипон аз Филиппин рақобат мекунад. Аввалин рақиби Комроншоҳи Устопириён дар вазни -90 кило Алдикан Ғанам мебошад, ки ӯ таҳти парчами Федератсияи байналмилалии дзюдо ба майдон меояд. Саидҷалол Саидов аввалин рақобаташро бо ғолиби ҷуфти Ҳусейн Шоҳ (Покистон) Ҷун Занг (Чин) анҷом медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки Чемпионати   Осиё оид ба дзюдо аз соли 1966 доир мешавад ва варзишгарони тоҷик дар тӯли солҳои ширкати худ дар ин намуди мусобиқаҳо ҳамагӣ 14 медал-  1 тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ  ба даст овардаанд.

 

 

Май 26, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад