Илҳомҷон Атоев: «Теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба 2,3 млн. нафар расид»

Август 2, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.
Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо  4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Зикр карда шуд, ки ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавзеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Август 2, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд