Рўзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1 сентябр таҷлил мешавад

Август 25, 2017 18:04

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон — Рўзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ  ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2 сентябри соли равон аз ҳисоби рӯзи 1 сентябр рўзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин қарор имрӯз   дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба имзо расид.

Инчунин зикр гардид, ки  ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

 

 

 

Август 25, 2017 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд