Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа”

Октябрь 26, 2017 10:47

ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузоштанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 — ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.

Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва навсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳ ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур доданд, ки дар вақти татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад.

Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи “Душанбе-Қӯрғонтеппа” пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду навсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.
Оғози корҳои таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе - Қӯрғонтеппа” 26.10.2017

Октябрь 26, 2017 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд