Боғи фарҳангу фароғатии С. Айнӣ аллакай ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ ворид карда шуд

Ноябрь 30, 2017 16:35

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аллакай ба хатсайри сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ ворид карда шуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба ин мавзеъ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд. Ин суханонро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи Намоишгоҳи сайёҳии «Тоҷикистон- сарзамини ҷолиби сайёҳӣ»  иброз намуд.

Намоишгоҳи сайёҳӣ имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат бо мақсади рушди бозори сайёҳии кишвар созмон дода шуд.

Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳбарони вазорату идораҳо, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, осоишгоҳ ва табобатгоҳҳо, коршиносони соҳа, устодон ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии мактабҳои олии кишвар иштирок доштанд. Меҳмонон аз намоишгоҳи ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳҳо ва ҳунарҳои дастӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, аз ҳар ҷиҳат барои рушди сайёҳии экологӣ, сайёҳии кӯҳӣ ва кӯҳнавардӣ, сайёҳии таърихию фарҳангӣ мусоид ва созгор мебошад. Ҳадаф аз баргузор намудани ин намоишгоҳ муаррифии имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавопаймоию сайёҳӣ, иншооти санаторӣ-курортӣ буда, ба ин восита густариш додани соҳаи сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар Амфитеатри Боғ барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.

Хотиррасон мекунем, ки намоишгоҳ пагоҳ ҳам идома меёбад.

Ноябрь 30, 2017 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид