Парлумони Тоҷикистон таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушдро баррасӣ намуд

Декабрь 15, 2017 16:16

ДУШАНБЕ, 15.12.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи  «Таҳкими  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли  2030» муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баргузор шуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, роҳбарони  як  зумра созмонҳои ғайридавлатӣ, кормандони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди иштирокчиёни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаббатшо Рӯзадор сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд талош меварзад дар ҷомеа шароите  муҳайё  созад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон воқеан амалӣ шаванд. Ҳар як аъзои он худро озод ҳис кунад, қобилият ва имкониятҳои воқеии ҷисмонӣ ва зеҳниашро пурра истифода бурда тавонад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан  нави  пешрафти  кишварамон,  ки ба арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Эътирофи силсилаи ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии  инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла, озодии изҳори ақида, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ,  бисёрҳизбӣ,  иштироки бевоситаи мардум дар идораи корҳои давлативу  ҷамъиятӣ  барои амалӣ  намудани  талаботи ҷомеаи  комилан нав роҳ кушод ва пайдоиши унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуд.

Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа нақши арзанда доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи парламентӣ касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тамоми ин муддат роҳнамои воқеии  ҷомеаи шаҳрвандии кишвар буд.

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дарназардошти тамоми соҳаҳои иқтисоди  миллии  кишвар  аз тарафи  Ҳукумати  Тоҷикистон бо  мақсади рушди бемайлони кишвар, баланд  бардоштани  обрӯ  ва  нуфузи  мамлакат  дар  минтақа ва  ҷаҳон, рушди  неруи  инсонӣ,  рақобатпазирии  иқтисоди кишвар дар  шароити  имрӯза, гузариш  аз  кишвари  аграрӣ  ба  индустриалӣ — аграрӣ,  мубориза бар зидди коррупсия  ва такмили низоми  идораи давлатӣ ва  дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум  таҳия гардидааст.

Ин  ҳуҷҷати  стратегии  мамлакат, қабл аз ҳама, роҳҳои асосии ноил гардидан  ба  пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву  фарҳангии  кишварро  дар фаъолияти пурсамари сохторҳои  давлатӣ  ва   институтҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  муайян менамояд.

Дар маҷмӯъ,  Стратегияи мазкур   барои тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи  шаҳрвандӣ ҳамчун нақшаи амалӣ ба ҳисоб рафта,  татбиқи он аз   фаъолияти якҷоя ва  самарабахши  онҳо  вобастагӣ  зич доранд.

Аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда ҳамчунин Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, котиби  ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов, раиси асотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон Шамсиддин Каримов, директори  иҷроияи Бунёди  Оғохон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов, раиси Шӯрои иттиҳодияҳои ҷамъиятии  вилояти Суғд Шуҷоат Ҳасанова,  раиси созмони  ҷамъиятии   «Чашма»-и  вилояти  Хатлон Санавбар Эмомназарова, роҳбари  созмони ҷамъиятии «Қалам»-и  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  Бурибек Бурибеков, раиси  созмони  ҷамъиятии «Сайёр» Гавҳар Хоҷаева  гузориш доданд.

Иштирокчиёни муҳокимаи ошкорои парлумонӣ баъди саволу ҷавобҳо ва музокираҳо тавсияҳои парлумонӣ қабул намуданд.

Декабрь 15, 2017 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд