САФҲАИ МУАРРИФ. Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон фаъол шуд

Декабрь 1, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 1.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали миллии сайёҳиро фаъол намуд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиш оид ба муаррифии ин портал доир гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни муаррифии  портали миллии сайёҳӣ таҳияи онро ҷиҳати расонидани маълумоти пурра ва саҳеҳ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ муҳим арзёбӣ намуд.

“Пас аз муаррифӣ ва ба кор даромадани портали мазкур, он ба Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод карда мешавад ва тавассути ин Созмон расман ба 158 давлатҳои узви комилҳуқуқи Созмон ва 509 ассотсиатсияву созмонҳои байналмилалии узви вобастаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ муаррифӣ карда мешавад. Яъне соҳаи сайёҳии кишвар бори нахуст ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ ворид мешавад ва барои ҷалби ҳамаҷонибаи сайёҳони хориҷӣ ба Ватани зебоманзари мо мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард”, — афзуд Н. Абдуғаффорзода.

Маврид ба зикр аст, ки портали миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда, дар оянда бо забонҳои дигари хориҷӣ низ таҳия мешавад.

Ин портал фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, қоидаҳои будубош, дастрас намудани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастию армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим мебошад.

Дар портал айни замон зиёда аз 20 ширкати сайёҳӣ, як қатор осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон ва дигар ҳавасмандон метавонанд мустақиман ба сомонаи ин ширкатҳо ворид шаванд.

 

Декабрь 1, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид