Дар ноҳияи Рашт 300 хоҷагӣ, 3 мактаб, 2 бунгоҳи тиббӣ бо барқи худӣ таъмин гардиданд

Февраль 22, 2018 08:43

РАШТ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт дар доираи лоиҳаи «Бехатариии энергетикӣ дар водии Рашт» бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва пуштибони молиявии Шоҳигарии Норвегия чандин иншооти соҳаи барқ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Аз ҷумла, дар деҳаи Пингони ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар доираи ин лоиҳа хатти барқи 10-киловатта ба масофаи 3575 метр кашида шуд, ки ин имкон дод деҳа ба шабакаи ягонаи барқи мамлакат пайваст шавад. Ҳамчунин дар ин деҳа як истгоҳи трансформатор бо тавоноии 100 киловолт-ампер ва хати 04 барқи дохили деҳа дар ҳудуди 1500 метр мавриди истифода қарор гирифт.
Маросими ифтитоҳи расмии иншооти анҷомёфтаи ин лоиҳа бо иштироки муовини раиси ноҳияи Рашт Муқими Олимҷон ва Сафири Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Туула Юрёля баргузор гардид. Дар маросим муовини раиси ноҳияи Рашт зикр кард, ки сол то сол бо шарофати дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам гардидааст, ки шарикони рушд дар бозсозӣ ва шукуфоии Тоҷикистон саҳмгузор шаванд. Аз ҷумла, бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ деҳаи Пингон комилан бо барқ таъмин шуда, ҳамчунин мактаби деҳа ва фароғатгоҳ низ бо барқ фаро гирифта мешаванд. Маблағи умумии корҳо зиёда аз 320 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Сафири САҲА дар Тоҷикистон хонум Туула Юрёла изҳор кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон вазъияти амнияти энергетикӣ дар фасли зимистон хеле беҳтар гардидааст ва маҳдудияте, ки дар истифодаи неруи барқ вуҷуд дошт, имсол дигар ҷорӣ нашуд: «Тавре ба мо маълум аст, моҳи октябри соли гузашта ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфтанд, ки нахустин бор дар замони истиқлолият дар фасли зимистон маҳдудият дар истифодаи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. Барои дастгирии рушди иқтисод Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи миллиеро, ки ба истифодаи боигарии табиии кишвар – об нигаронида шудааст, таҳия намуд».
Ҳамчунин ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, дар асоси лоиҳаи “Бехатарии барқ дар водии Рашд” навсозии ду неругоҳи барқи обии хурди деҳаҳои Лангар ва Порвоғ низ ба роҳ монда шуд, ки иқтидори ин неругоҳҳо боло бурда шуда, бештар аз 300 хоҷагӣ дар ин деҳаҳо бо барқи худӣ таъмин шудаанд.

 

Февраль 22, 2018 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд