ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани туман дар назар аст

Февраль 22, 2018 08:52

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 22 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-2 дараҷа ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, туман мефарояд. Рӯзона шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорат шабона 1-4 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

 

Февраль 22, 2018 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд
Масоили марбут ба ташкили давраи омӯзишӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ баррасӣ шуд
Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «ACIBADEM» ифтитоҳ гардид
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд